Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.06.2024 / АЁДАТИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА РАСОНИДАНИ МАВОДИ ОЗУҚАВОРӢ



       Ба истиқболи 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷиҳати баргузор намудани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ваҳдати модарон – саодати Тоҷикистон”, дар остонаи “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироки муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ – Солеҳа Холмаҳмадзода, Директори институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ – Фарангис Шарифзода, намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва гуруҳи раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби бонувон ба минтақаи Рашт сафар намуданд. Дар барномаи гуруҳи корӣ баргузории суҳбату вохӯриҳо бо сокинон дар доираи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар, аёдати зарардидагони офати табиӣ ва расонидани маводи озуқаворӣ ба мактаб – интернатҳо ба нақша гирифта шудааст. Зимни аёдати зарардидагони офати табиӣ ва расонидани маводи озуқаворӣ ба 21 оилаи деҳаи Яхаки ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод, ки бо иштироки раиси ноҳия – Додарҷон Ҷобирзод ҷараён гирифт, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ бори дигар ҳамдардии самимонаи Роҳбарияти Олии ҳизбро ба сокинон расониданд. Мавсуф изҳор доштанд, ки дар чунин лаҳзаҳои вазнину ҳассос Пешвои муаззми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда доимо дар фикри ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилии оилаҳои зарардида аз офати табиӣ ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ шуморо танҳо намегузоранд. Зарардидагони офати табиӣ қайд карданд, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кутоҳтарин муҳлат бо ҷойи хоб ва тамоми ашёи ёрирасон таъмин гардидаанд. Яке аз нафарони зарардида аз офати табиӣ, ки худро собиқадори соҳаи маориф Фасеҳов Маҳбубҷон муаррифӣ кард, аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки бар асари офати табиӣ хонаю дар ва тамоми ҷиҳози рӯгорашонро аз даст додаанд. Бо вуҷуди ин, ӯ мегӯяд, мо руҳафтода нашуда деҳаи худро аз нав бунёд мекунанд. Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов – Наимов Эраҷ иттилоъ дод, ки ба 21 оилаи аз офати зарадида, ки манзилҳои зисташон пурра хароб гардидааст, аллакай қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба онҳо манзилҳои зист бунёд карда мешавад ва боқимонда хоҷагиҳои зарардида бо замин ва маводи сохтмонӣ таъмин карда мешаванд. манбаъ: Сомонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод