Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия
Мусамиров Борон Сайлиевич

05 декабри соли 1963 дар деҳаи Кабутиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашма ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм намудааст. Фаъолияти корӣ: Солҳои 1981-1982 – коргари бригадаи саҳрои №1-и савхози (Самсолиқ) Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод. Солҳои 1982-1984 – хизмат дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ. Солҳои 1984-1988 – Сарвари Созмони талабагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30, н. Нуробод. Солҳои 1988-1990 – омўзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30, н. Нуробод. Солҳои 1990-1996 – муовини директор оид ба корҳои таълимии муассисаи таълимии №30, н. Нуробод. Солҳои 1996-2002 – директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, н. Нуробод. Солҳои 2002-2003 – директории Маркази корҳои тарбиявии ноҳияи Нуробод. Солҳои 2003-2006 – раиси Ҷамоати деҳоти (Самсолиқ) Сафедчашма. Солҳои 2006-2008 – нозири муассисаҳои таҳсилоти умумии шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод. Солҳои 2008-2010 – директории мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Нуробод. Соли 2010 - мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод. Солҳои 2010-2012 - нозири муассисаҳои таҳсилоти умумии шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод. Солҳои 2012-2016 – мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод. Соли 2016 - мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод. Солҳои 2021-2023 -мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод. Аз 15.02.2023 - роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод таъин шудааст.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод