Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия
Ҳусензода Фаридун Ҳусен

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Нуробод Ҳусензода Фаридун Ҳусен аз 30 сентябри соли 2025 ба мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод таъин гардид. Тарҷумаи ҳол: Ҳусензода Фаридун Ҳусен 05 апрели соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2014 факултаи «молиявию иқтисодӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ» касби «иқтисодчӣ» ва соли 2025 факултаи таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Идораи давлат ва ҳуқуқ» касби «ҳуқуқшинос» хатм кардааст. Унвонҷуйи бахши 3-юми кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии факултаи идораи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дорои рутбаи тахассусии мушовири дараҷаи 3-и хизмати давлатӣ мебошад. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023, №618. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Фаъолияти корӣ: Солҳои 2009-2014 - донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2015-2018 - корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2018-2019 - нозир-хазинадори МХБ 08/044–и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Норак. Солҳои 2019-2021 - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак. Солҳои 2019-2021 - раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак. Солҳои 2019-2021 - раиси Филиали ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар шаҳри Норак. Солҳои 2021-2022 - муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Солҳои 2022-2024 - роҳбари Дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон. Соли 2024 – и.м. роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод