ҶОБИРЗОДА ДОДАРҶОН ПУЛОД 24 -январи соли 1965 дар деҳаи Себак, Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Милаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Оиладор соҳиби 6 фарзанд. Соли 1990 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро аз солҳои 1981-1982 ба ҳайси коргари одии савхози «Роғун» - и ноҳияи Нуробод оғоз намудааст.
Баъдан солҳои 1983-1985 ба Донишгоҳи политехники Тоҷикистон, шаҳри Душанбе дохил шудааст.
Солҳои 1985-1987 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, баъд аз адои хизмати ҳарбӣ солҳои 1987-1990 Донишгоҳи политехники Тоҷикистонро хатм намудааст.
Солҳои 1990-1993 дар вазифаҳои муҳандиси сохтмонии майдончаи (трестплошадка) «Комсомолободсоз»-и ноҳияи Комсомолобод (ҳозира ноҳияи Нуробод),
солҳои 1993-1998 сармуҳандиси идораи сохтмону васлгарии «Ёнур»-и ноҳия, солҳои 1998-2005 мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,
солҳои 2005-2010 муовини раиси ноҳия солҳои 2011-2021 мудири бахши Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» дар ноҳияи Нуробод фаъолият кардааст.
Аз 4 майи соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин шудааст.