Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

10.10.2022 / Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти нуҳмоҳа



       10 октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти раёсати раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид. Муовини якуми раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад Бала оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баромад намуда, дар маҷмуъ натиҷаҳои бадастомадаро дар ин давра қаноатбахш ва назаррас арзёбӣ намуд. Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода дар баромади таҳлилии худ масъулинро вазифадор намуд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳо чораҳои саривақтӣ андешида, соли 2022-ро бо дастовезҳои шоён ҷамъбаст намоянд. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Каримзода Саъди Ғафор иштирок ва баромад намуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод