Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

19.05.2024 / Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳияи Нуробод



       Субҳи имрӯз 19 майи соли 2024 дар ноҳияи Нуробод бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, маъракаи оммавии варзишӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби васеи наврасону ҷавонон доир гардид. Раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод иштирокдоронро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории маъракаи велосипедронӣ ва дави миллӣ муборакбод гуфта, баён дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши варзишро дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миён инсонҳои ба ҳисоб мераванд. Дар ҳақиқат, дави миллӣ ва маъракаи велосипедронӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва таъмини ширкати ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод