Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

19.05.2024 / НУРОБОД: ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД



       Рӯзи 18–уми майи соли ҷорӣ боришоти зиёди борон ба хоҷагии халқи ноҳияи Нуробод ҳисороти зиёде овард. Аз ҷумла, бар асари фаромадани сел шоҳроҳи автомобилгарди байналмилалӣ дар километри 104 пурра баста гардида, ҳаракати нақлиёт қатъ гардид. Дар деҳаи Яхаки Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов аз қисмати болои деҳа сел фаромада, як қисмати хонаҳои истиқоматӣ хароб гардида, заминҳои кишт зери сел монданд. Дар мавзеи Сари Пули ноҳия бар асари баланд шудани маҷрои дарёи Сурхобу Хингоб аз меъёри муқаррарӣ як қисмати шоҳроҳи мошингардро зарари ҷиддӣ расонид. Бо мақсади бартараф намудани офатҳои табиӣ гуруҳи корӣ ва Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда таҳти роҳбарии раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода аз ҷойҳои ҳодиса боздид ба амал оварда, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. Комиссия вазифадор гардиданд, ки хисороти зарардидагонро муайян карда, аҳолиро ба ҷойҳои бехавф кучонанд. Бояд тазаккур дод, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар роҳу пулҳои мавзеъҳои дигари ҳудуди ноҳия таҳти роҳбарии бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод идома доранд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод