Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

15.05.2024 / ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА



       Санаи 14-уми майи соли ҷорӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар бобати корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон ба истиқболи Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷониба дастгирӣ намуда, ба ҳашари умумӣ баромаданд. Гирду атрофи бинои мақомот, гулгашту роҳравҳо аз алафҳои бегона тоза гардида, бехҳои буттаву дарахтон нарм карда шуданд. Ҳамчунин, кормандони КДФ «Хоҷагию манзилии комуналӣ»-и ноҳия низ дар кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд гулҳои мавсимӣ шинониданд, ки ин намои зоҳирии кӯчаи марказиро боз ҳам зеботар мегардонад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод