Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

15.05.2024 / БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Тули 6 сол мешавад, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии фарҳангӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" роҳандозӣ гардида истодааст. Бо ин мақсад, санаи 14-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Нуробод даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисии техникӣ ва сокинони касбу кори гуногун миёни ҳам сабқати тафаккур намуданд. Чорабиниро муовини раиси ноҳия Бухоризода Наврӯзшоҳ ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки хушбахтона сол то сол шумораи иштирокчиёни озмуни мазкур зиёд гардида, завқи китобхонӣ миёни сокинон ба маротиб зиёд гардида истодааст. Дар озмун довталабони сину соли гуногун фаъолона иштирок намуда, аз рӯи номинатсияҳои муаянгардида, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Мавриди қайд аст, ки тибқи Низомномаи озмун даври ноҳиявӣ бо иштироки аъзои ҳакамон ба таври шаффоф доир гардида, беҳтарин чеҳраҳои суханвару сухандон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод