03.10.2022 / Хизмат ба Ватан – қарзи фарзандист.
Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод, ҷавонони ихтиёран зери садои мусиқӣ ба хизмати Модар – Ватан гусел карда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст.
Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар маросими тантанавӣ ба муносибати гусели наваскарон раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод зимни суханронии хеш зикр намуд, ки ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои насли наврас муҳимтарин ва муқаддастарин мактаби обутоби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ, Ватану ватанпарастӣ омӯхта, дар ҳифозати марзу буми кишвар бо қаноатмандӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ камари ҳиммат мебанданд. Вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорист, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар чорабинии мазкур модарони даъватшавандаҳо ва худи даъватшудагон ба минбар баромада, ба ҷавонон дуои нек намуданд, аз дигар ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои хизмат ба Модар- Ватан пайваста омода бошанд.
Умед аст, ки сол ба сол сафи ихтиёрон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони шуҷоатманди ноҳия зиёд мегардад.