29.03.2024 / Пайки Наврӯзӣ
Субҳи 23 март сокинони ноҳияи Нуробод бо пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд.
Корвони наврӯзӣ бо рамзҳои наврӯзии бобои деҳқон ва маликаи баҳор карнайнавозон бо руҳияи баланди саршори шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон вориди базмгоҳи Наврӯзӣ гардиданд.