Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

13.03.2024 / Вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи нуробод ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маъри



       Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвит бахшидани корҳои таблиғотӣ ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод санаи 12.03.2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74- и деҳаи Булбулдараи Ҷамоати деҳоти Сафедчашма ;вохӯрии судманд доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки зимни баргузории мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Эшонҷон Саидов, мудири бахши кор бо занон ва оила Сафоева Дилором, менеҷери кумаки аввалияи тиббии санитарӣ Лолаев Абдулло ва мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Ғиёсов Сайалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткори миёни наврасону ҷавонон, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, роҳои пешгирии бемориҳои сирояти, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз нуқтаи назар карданд. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва аҳолӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод