Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

14.02.2024 / Паём барномаи мушаххас барои мо сокинони ноҳияи Нуробод



       <p>Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ &ndash; Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт оид ба расонидани муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон &laquo;Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ&raquo;, вохӯрии сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт полковники адлия Акобирзода Дилшод Саидакбар, нозири калон оиди муқовимат ба коррупсия Маҷидӣ Абдукарим ва ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Рашт Қандов Ғолибшо бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод ҳангоми ифтитоҳи вохӯрӣ меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, ҳамовозии мардуми ноҳияро ҷиҳати дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ки баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд, иброз намуд. Сипас, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт полковники адлия Акобирзода Дилшод Саидакбар ба сокинон муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин расонд. Ҳамзамон, мавзуъҳои умдаи ҷомеа дар доираи мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баромадкунандагон инчунин вобаста ба оқибатҳои хисороти ин зуҳуроти манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии мамлакат ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карданд. Инчунин, қайд карда шуд, ки муқовимат бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муқовимат ба коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.</p>


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод