Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

28.09.2022 / Иттилоия. Дар бораи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод даъвати шашум.



       Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони хақи ноҳия, раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум, баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима, баррасӣ ва қабули вакилони халқи ноҳия қарор гирифтанд: 1. Гузориши комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Дарбанд, №5, Кабутиён, №6, Пунбачӣ №19, Шодмонӣ, №31 ва тасдиқ намудани ваколоти вакилии вакилони тозаинтихоб-Музаффаров Э.С., Маҳмадхоҷаев М. А., Ҳақназаров Р. Г. ва Ҳабибов Т. Ғ. дар ин ҳавзаҳо” 2 Дар бораи аъзои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб намудани Музаффаров Э.С., Маҳмадхоҷаев М. А., Ҳақназаров Р. Г. Ва Ҳабибов Т. Ғ. 3 Ахбороти прокурори ноҳия оиди натиҷаҳои фаъолияти прокуратура ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза ба ҷинояткорӣ дар 9 моҳи соли 2022. 4 Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, номгузорӣ, ҳифзи мероси ниёгон, сиёсати байни ҷавонону занон, оила, робита ба ҷомеа, ҳифзи сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттилоот ва воситаҳои ахбори омма. 5 Ахбороти мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оиди рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Озодии виҷдон иттиҳодияҳои динӣ” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия. 6 Дар бораи бораи ворид намудани тағйирот дар қисми хароҷотии буҷети ноҳия дар семоҳаи 3 юми соли 2022. 7 Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия. Дар муҳокима ва баррасии масъалаи рӯзномаи иҷлосия вакилон Хол Қурбон Бек- вакил аз ҳавзаи интихоботии деҳаи Таг, №7, Неъматова Гулрухсор- вакил аз ҳавзаи интихоботии Тӯғчӣ, №2, Ҳақназаров Рустам- вакил аз ҳавзаи интихоботии Пунбачӣ, №19 баромад карданд. Ҳамчунин, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Сафарзода Бахтибек оиди натиҷаҳои фаъолияти прокуратура ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза ба ҷинояткорӣ дар 9 моҳи соли 2022 баромад намуданд. Дар иҷлосия вакилони интихобгардида, савганд ёд карданд. Бо ҳамин, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум, бо баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзнома ва қабули қарорҳои дахлдор, кори худро анҷом дод.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод