Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

07.11.2023 / Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Нуробод



       Бахшида ба таъсисёбии Рӯзи милитсия дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Сардори Шуъбаи Вазорати корњои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни оғоз бахшида, оиди фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  маърӯза намуд. Сипас раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Иди касбиашон шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар ҳифзи тартибот ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ноҳия арзанда номид. Кормандони милитсияро пракурори ноҳия  Сафарзода  Бахтибек, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Саидов Э ва собиқадори соҳа Мирзоев Эмомназар, ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод намуданд. Баъдан, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ШВКД-и ноҳия ба як зумра собиқадорон, кормандони фаъоли ШВКД-и ноҳия ва оилаҳое, ки саробон ё фарзандонашон ҳангоми барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод