Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.10.2023 / Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Сафедчашма



       <p>Санаи 18 октябри соли 2023 дар партави дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз тарафи &nbsp;сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот дар деҳаи Кабутиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашма вохурӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор шуд.&nbsp;Нахуст дар оғоз раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод баромад намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ва корманди дигари ин ниҳодро хайрамақдам гуфт. Дар ҷамъомад роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, котибон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон иштирок доштанд.Зимни баромади хеш Ваҳобзода Баҳодур Барот вобаста ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳгашта, решакан кардани экстремизм ва терроризм, сабукиҳо дар қонунгузорӣ ба нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дод. Раиси ноҳия, Додарҷон Ҷобирзода баён дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чораҳои амалӣ андешида, ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки танҳо ба шарофати иродаи қавӣ, хушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти ҷомеаи имрӯзаро бартараф, тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.Санаи 18 октябри соли 2023 дар партави дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз тарафи &nbsp;сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот дар деҳаи Кабутиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашма вохурӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор шуд.&nbsp;Нахуст дар оғоз раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод баромад намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ва корманди дигари ин ниҳодро хайрамақдам гуфт. Дар ҷамъомад роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, котибон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон иштирок доштанд.Зимни баромади хеш Ваҳобзода Баҳодур Барот вобаста ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳгашта, решакан кардани экстремизм ва терроризм, сабукиҳо дар қонунгузорӣ ба нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дод. Раиси ноҳия, Додарҷон Ҷобирзода баён дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чораҳои амалӣ андешида, ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки танҳо ба шарофати иродаи қавӣ, хушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти ҷомеаи имрӯзаро бартараф, тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.</p>


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод