Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

09.03.2023 / Таҷлили Рўзи Модар дар ноҳияи Нуробод



       Имрўз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия бахшида ба Рўзи Модар тантанаи идона баргузор гардид. Раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод тантанаро ифтитоҳ намуда, дар симои ҳозирин кули модарон, хоҳарон ва бонувони ноҳияро ба идашон шодбош намуд. Зан-модар дар ҷомеаи мо мақоми арзанда дошта, имрўз соҳае нест, ки дар он духтарону бонувон фаъолият надошта бошанд. Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия хеле назаррас аст. Иброз намуд, ҳангоми баромади табрикотӣ раиси ноҳия. Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саъдуллоев Саломатшо, сармуҳаррири рўзномаи «Нури Нуробод» Мавҷуд Саттор, мудири бахши бойгонии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Давлат Қувват, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Мусамиров Раҷабали, шоир Отаҷон Ваҳобов ва намояндаи занону бонувон Ҳакимова Нилуфар занону бонувонро ба Рўзи Модарон табрику шодбош намудаанд. Сипас, аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамаи иштирокчиёни чорабини туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар охир аз ҷониби ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Моҳрухсор Сафиева ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консерти таҳти унвони «Модар ба ҷаҳон ягонаи ту» пешкаши ҳозирин гардид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод