Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

09.10.2024 / САФАРИ КОРИИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 08.10.2024



       Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар ноҳияи Нуробод аз 21 хонаи оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дидан намуд. Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша зимни суҳбат бо онҳо иброз дошт, ки имрӯз мардуми зарардидаи ин офати табиӣ ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳтарин бартараф хоҳанд шуд. Зарардидагони ҳодисаи табии мазкур аз чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз роҳи сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори миннатдорӣ намуда, бо эътимоди комил иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин рӯзи мушкил танҳо намемонад. Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми саъю кӯшиш баҳри дастгирии мардум кор бурда истодааст. Манзилҳои валангоргаштаи минтақаҳои осебдида пурра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод