22.08.2024 / МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ НУРОБОД
Санаи 22 августи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода, намояндаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинзода Баҳриддин, собиқадорони соҳа, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону толибилмони фаъол машварати августии соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар машварат нахуст фаъолияти соли таҳсили сипаригардида мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифта, вобаста ба ин мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мирзоев Наҷмиддин маълумоти муфассал дод.
Дар идома раиси ноҳия ва намояндаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дастовардҳои маорифчиёни ноҳияро хуб арзёбӣ карда, инчунин роҷеъ ба камбудиву норасогиҳои мавҷуда изҳори назар карданд.
Ба як гуруҳ кормандони соҳаи маориф нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, собиқадорони соҳа туҳфаҳо ва ба пешқадамони муассисаҳои ноҳия ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар анҷом муроҷиатномаи маорифчиёни ноҳия ба муҳокима гузошта шуда, якдилона қабул гардид.