26.06.2024 / Роҳпаймои бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз бо иштироки раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва ҷавонону варзишгарон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар марказии ноҳия бо парчам ва шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлол, Ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан роҳпаймоӣ баргузор намуданд.
Роҳпаймоӣ аз даромадгоҳи маркази ноҳия оғоз гардида то назди боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанд идома ёфт ва дар ин ҷо ҳамоиши идонаи роҳпаймоӣ бахшида ба ин санаи муборак ҷамъбаст гардид.