08.05.2024 / САЗОВОРИ УНВОНИ ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ШУДАН МОЯИ ИФТИХОР АСТ!
<p>Бо мақсади қадршиносии ғолибони озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2024 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти унвони "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат" ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 250 нафар омӯзгорони ҷавон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳия фаъолона иштирок намуданд. Дар кори ҳамоиш Сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Амир Мудин, муовини Раиси ноҳияи Нуробод оид ба корҳои идеологӣ Наврӯз Бухоризода, Раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод Эшонҷон Саидов иштирок ва суханронӣ намуданд. Иброз гардид, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мо вазифадор ҳастем. Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ояндасози кишвар буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсилоти муносиб фаро гирифтани онҳо ва ташаккул додани маҳорат ва малакаю истеъдоди онҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон зикр намуданд, ки иқдомҳои наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар бараъло эҳсос гардида, ба хотири рӯҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст. Зимнан мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод Саидов Эшонҷон баён доштанд, ки дастгириву ғамхории насли наврасу ҷавон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои дониш андӯхтану соҳибкасб гардидани қишри ояндадори ҷомеа кулли имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, афзун гардидани шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ давоми мантиқии сиёсати Ҳукумату давлат дар самти илмомӯзии наврасону ҷавонон буда, дар ин росто танҳо лозим аст, ки наврасону ҷавонон бояд талош намоянд, то фарди соҳибилму соҳибкасб ва эҷодкори Ватани хеш бошанд. Сипас, ба гирандагони Стипендияи Президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардид.</p>