Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

10.09.2022 / Таҷлили Ҷашни 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод



       Дар ноҳияи Нуробод Ҷашни 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар оғози чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоиши дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва инчунин, варзишгарон дидан намуданд. Ҳамзамон, ба ифтихори Ҷашни 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди корҳои ободонӣ хати оби нӯшокӣ, сехи истеҳсоли мебел, маркази тиҷоратӣ ба истифода дода шуд. Баъдан, дар боғи фарҳангӣ- фароғатии маркази ноҳия бахшида ба Ҷашни 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанвӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони ноҳияро ба Ҷашни 31- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Раиси ноҳия дар баромадаш аз ҷумла қайд намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ин муқаддасот рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдорию бақои он мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сиёсати хирадмандонаю одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноҳияи Нуробод дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, рӯз ба рӯз ободу зебо ва дилрабо гардида истодааст. Имрӯз Нуробод ба як гӯшаи ободи диёри тоҷикон табдил ёфтааст. Мардуми ноҳия бо як дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек, тамоми қувваи худро баҳри ободии Ватан равона карда истодаанд. Тӯли 31 соли Истиқлолият дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Бо ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Нуробод рушду инкишоф ёфт. Баъдан, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Каримзода Саъдӣ Ғафор баромад карда, сокинони сарбаланди ноҳияро ба Ҷашни 31- солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон табрик намуда, аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия суханронӣ карданд. Дар чорабинӣ бахшида ба 31- солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нафар мукофоти давлатӣ супорида шуд. Ҳамзамон, дар ин рӯз ба як қатор кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, ки дар пешрафти иҷтимоию- иқтисодӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳунармандон бо барномаи рангини худ хотири аҳли нишастро шод намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод