04.06.2026 / ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 01 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии боғчаи бачагонаи ба номи «Зебонисо»-и ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии идона бо баромади табрикотии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз гардид. Дар он нақши муҳим ва арзишҳои иҷтимоии кӯдакон дар ҷомеа таъкид ёфт. Зикр шуд, ки кӯдакону наврасон ояндаи дурахшони миллатанд ва фароҳам овардани шароити муносиби зисту таълим барои онҳо аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ, кӯдакони боғча бо чеҳраҳои хандон дар саҳна баромадҳои ҷолибу рангин -рақсҳо, сурудҳо, шеърхонӣ ва саҳначаҳои кӯтоҳи тарбиявӣ намоиш доданд. Мураббиён ва волидон бо муҳаббат аз ҳунару истеъдоди фарзандонашон истиқбол гирифтанд.
Бо мақсади қадршиносӣ ба мураббиён ва рӯҳбаландсозии кӯдакон, ба ҳар як иштирокчии хурдсол туҳфаҳои идона тақдим гардиданд. Муҳити идона ва ороиши зебои майдони чорабинӣ ба шодиву нишоти кӯдакон ранги тоза бахшид.
Чорабинӣ дар муҳити дӯстӣ, шодиву нишот ва муҳаббати самимӣ баргузор шуда, ҳадафи аслии он қадршиносии кӯдак ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳуқуқу эҳтиёҷоти ин табақаи нозук бори дигар собит гардид.