Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

04.06.2026 / ИДОМАИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР МАВЗЕЪҲОИ БАЛАНДКӮҲИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       Дар мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳияи Нуробод корҳои кишти картошка бо маром идома дошта, кишоварзон аз шароити мусоиди обу ҳаво самаранок истифода мебаранд. Деҳқонони ноҳия бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишти картошкаро ба роҳ монда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон тамоми имкониятҳоро истифода мебаранд. Дар ин раванд навъҳои серҳосил ва ба иқлими кӯҳӣ мутобиқ интихоб гардида, барои нигоҳубини дурусти зироат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа, кишти саривақтӣ ва истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калон дорад. Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир парвариши картошка дар мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳияи Нуробод натиҷаҳои назаррас дода, деҳқонон ба ҳосили хуб ноил гардидаанд. Имсол низ корҳои саҳроӣ бо суръати баланд идома дошта, барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, мавҷудияти роҳҳои мошингард ва дастрасӣ ба заминҳои кишоварзӣ интиқоли тухмӣ, нуриҳо ва дигар воситаҳои заруриро осон намуда, ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия мусоидат менамояд


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод