26.05.2026 / ПАЙРАВӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲИ ЗИНДАГИИ ҲАР ҶАВОНМАРД АСТ

(Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон)
Таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эҳёи худшиносӣ ва шинохту дарки ҳувияти миллии тоҷикон сахт марбут аст, руҳияи қавии ифтихороти миллӣ, намунаи олии пайравӣ ва сарчашмаи ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон гардидааст.
Муҳтарам Пешвои миллат бо бунёди давлати миллӣ тағйироти бузургро дар кишвар ба вуҷуд овард. Бо заҳмату ҷонбозиҳо миллати тоҷикро ба асли хеш баргардонид, асолати фарҳангиро эҳё гардонида, рӯҳияи миллии насли ҷавони миллатро дар ҳошияи омӯзиши арзишҳои неки инсонӣ, сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, таърих, адабиёт, хештаншиносӣ, забон ва шуури миллӣ ба вуҷуд оварда, дар сиёсати давлатдорӣ ба унсури асосӣ қарор додааст.
Масъалаи ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон дар таълимоти Пешвои миллат мавзӯи хеле муҳим ба шумор рафта, мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ҳамчун падидаи ҳувиятсоз дар рушди мафкуравӣ, ҷаҳонбинӣ ва бедории миллии онҳо таъсири созгор гузоштааст. Дар ҳар мулоқот онҳоро ба омӯзиши таъриху фарҳанг, илму дониш, ватандӯстӣ, ҳимояи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва рушди босуботи кишвар муътақид месозанд. Чунин ҳидоятҳо ба насли ҷавони кишвар зарур арзёбӣ мегардад.
Зеро дар оғози Истиқлоли давлатӣ, ҳарчанд Ҳукумат заминаҳои бедории сиёсию иҷтимоии ҷавононро фароҳам оварда буд, аммо набудани нерӯи созмондиҳандаи миллӣ, ки метавонист орзуву ормони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро ба як ниёзи миллӣ мубаддал кунад, кишварро ба вартаи задухӯрдҳои дохилӣ кашид. Аммо хиради азалии халқи тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин буҳрони сиёсӣ раҳоӣ ёбем ва сулҳу суботро ҳамчун воситаи таҳкими ваҳдати комил интихоб карда, ба рушди минбаъдаи кишварамон роҳи васеъро боз намоем.
Дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ бо таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва ба ин васила моил сохтану сӯистифода намудан аз қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бисёр муҳим аст.
Миллати тоҷик, ки се даҳсоларо таҳти сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипарӣ карда истодааст, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст, ки дар ин пирӯзиҳо саҳми ҷавонон низ назаррас мебошад. Ин гуфта аз суханони Пешвои миллат манша мегирад, ки қайд намуда буданд: "Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд”.
Воқеан, ҷавонон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат барои расидан ба даврони созандагӣ, қадамҳои устувор гузоштан ва ҳамдилу ҳаммароми Пешвои миллат мебошанд.
Барои хушбахтӣ ва саодати инсоният сулҳ ва оромиш дар ҳама давру замон муҳим аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат мудом фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию мутаҳиддии ҷавонон мегарданд ва аз зиёиён, олимону донишмандон, уламои дин ва аҳли ҷомеа даъват менамоянд, ки ба ҳамагуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб мубориза баранд.
Ҳимояи Истиқлолият ва пуштибонӣ аз Ватани аҷдодиро бо шинохти арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри суботу оромиш ва сулҳу осоиш ҳамчун асоси пешрафти ҷомеа бо аз бар кардани донишу маърифат, савод, забондонӣ, тарбия ва омӯхтани сарнавишту таърихи миллат арзёбӣ менамоянд. Зеро таҷрибаи ҳар давлате, ки роҳи рушди мустақилонаро пеш гирифтааст, нишон медиҳад, ки истиқлолу озодӣ ҳамеша ниёзманди ҳимояи ҷиддӣ аст.
“Ҳадафи мо, - қайд менамоянд Пешвои миллат, аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд”.
Оре, яке аз сабабҳои асосии рӯ овардани бархе аз ашхос ба хурофот ва ифротгароӣ маҳз бесаводист.
Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардуми бесаводро зудтар заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебарад, ки зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд, боиси қафомонии давлат ва садди пешрафт мегарданд. Рӯ овардани баъзе аз шаҳрвандони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию пайравӣ ба онҳо, экстремизми динӣ ва хусумат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷудошавии оилаҳои ҷавону низоъҳои оилавӣ падидаҳои номатлуби давраи ҳозира ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин замина зуҳур меёбад.
Барои ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот ва татбиқи муҳимтарин арзишҳои рушди миллӣ: саҳмгузорӣ дар ҳифзи истиқлолият, ифтихори таърихию тамаддунӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, посдорию тақвияти забони давлатӣ, таҳкими ҳамзистии иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини зиндагии шарафмандонаи мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тараннуми сиёсати сулҳомез пайравӣ ба таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим аст.
Хеле муҳим аст, ки насли ҷавони кишвар бояд таҷриба ва таълимоти Пешвои миллатро бошуурона омӯзанд, зеро танҳо дар ин замина иттилоъ меёбанд, ки чӣ гуна фарзандони содиқи Ватан, бахусус бунёдгузори давлати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои ҷоннисорона дар ин зиёда аз 30 сол чӣ гуна инқилобҳои маданӣ ва ислоҳоти иҷтимоиро дар мамлакат ба вуҷуд овардаанд ва онҳо дар бунёди давлатӣ миллӣ ва эҳёи миллати тоҷик чи натиҷаҳо ба бор овардааст.
Неруе, ки бар афкору андеша ҳукмрон аст, яъне илм, дониш, маърифат ва фарҳанг дар ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ҷавон ҳамеша таъкид мегардад ҳамчун омили наҷоти фард аз беҳувиятӣ, аз беватанӣ ва бедавлатӣ дониста мешавад.
Бо ин таълимоти хирадмандона Сарвари кишвар ҳидоят месозад, ки мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро рушд медиҳем ва онро ҳимоя карда метавонем, ки агар онро дӯст дорем, қадршиносу шукргузор бошем, хонем ва омӯзем. Маориф, забон, адабиёт, илм, фарҳанг ва иттилоотро дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ, равия ва ақидаи ҷавонон муҳим мешуморанд. Ин арзишҳои башарӣ, яъне фарҳанг ва адабиёт, ки омили пойдории ҳувияти миллат мебошанд, дар ташаккули ахлоқу одоб ва рафтору кирдори шахсию иҷтимоии ҷавонон таъсири амиқ мерасонанд, онҳоро тавонманд сохта, симои миллату давлатро дар арсаи ҷаҳон барҷаста мегардонад. Ҳидояти Сарвари давлат ҳамин аст, ки ҷавонон ин мероси пурғановатро дар такомули маънавии худ мебояд ҳамеша самаранок истифода намоянд.
Таҷриба ва таълимоти давлатдории Пешвои миллат, ки сабабҳои воқеии парокандагиву таназзул ва руйдодҳои таърихии ташаккули миллати тоҷикро шарҳ дода, пойдории давлати миллӣ ва устувории ояндаи ин мактаби сармояи миллиро, ки кафили бақои давлатӣ ва ҳастии миллии моро бо назардошти моҳияту мазмуни равандҳои сиёсӣ ва идеологии ҷаҳон нишон медиҳад, бояд мавриди омӯзиши мақсаднок дар роҳи тарбияи ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон қарор дода шавад.
Ин ҳама таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва дастгирву ғамхорӣ нисбати онҳо ояндаи кишварро умедбахш сохтааст. Зеро миллату давлате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад. Пешвои миллат боварӣ ва эътимод ба қишри ҷавони кишварро яке аз омилҳои муваффақият изҳор дошта, пешрафту шукуфоии кишварро бо саҳму ташаббуси ҷавонон пайванд донистаанд ва онҳоро дар татбиқи нақшаҳои созандаи имрӯз низ ҳамфикр мешуморанд, ки нишонаи бебаҳси рушди устувори ояндаи давлат аст.
Тавре Пешвои миллат баён доштанд: “Мо инро аз қадамҳои аввали соҳибистиқлолӣ, замоне, ки қувваҳои мухталиф борҳо кӯшиши шикаст додани давлати ҷавони тоҷиконро доштанд, равшану возеҳ эҳсос намудем ва барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя кардем”.
Дар тамоми ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои олию ниёзҳои ҳаётии тамоми мардуми Тоҷикистон, яъне ватандорӣ, истиқлолият, ваҳдат, субот, рушд, ободонӣ, зиндагии шоиста, илму маърифат ва эҳёи миллӣ қарор гирифтанд.
Аз ин рӯ, пайравӣ ба Пешвои миллат маънои ифтихор доштан бо номи миллат, саҳмгузорӣ дар рушди ваҳдати миллӣ ва суботи устувори ҷомеа, боварӣ ба сиёсати созандаю ободкор ва умед ба ояндаи боэътимоди давлати миллӣ мебошад.
Аз ҷавонон умед аст, ки дар ҳошияи омӯзиши таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандагони арзишҳои олии инсонӣ ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри рушд, ваҳдат ва пешрафти кишвар саҳми боз ҳам сазовор мегузоранд.
Рӯзи ҷавонон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен - раиси ноҳияи Нуробод