26.05.2026 / БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

21 майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Исматулло Раҳматуллозод, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу Зубайдулло, муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Сайдализода Муродалӣ Шамсулло, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт Фаттоҳода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода оғоз гардида, зимни он аҳамияти таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва таҳкими суботу ваҳдати миллӣ таъкид карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа баромадкунандагон оид ба масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла пешгирии ифротгароӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва фаъол гардонидани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҷомеа ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.
Дар ҷараёни ҷаласа байни иштирокчиён мубодилаи афкор, музокира ва саволу ҷавоб баргузор гардида, пешниҳодҳои судманд оид ба беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ манзур карда шуданд.
Дар фарҷом иштирокчиён баргузории чунин ҳамоишҳоро барои таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат муҳим арзёбӣ намуданд. Показать меньше