18.05.2026 / БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ — РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ МО ҶАВОНОН»

Дар Муассисаи давлатии Коллеҷи муҳандисию техникии ноҳияи Нуробод мизи мудаввар таҳти унвони «Пешвои миллат - рамзи иттиҳоду сарҷамъии мо ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони ҷавон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ иштирокчиён вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон, нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳми онҳо дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст заминаи мусоид гузоштааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардид.