Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.05.2026 / Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила дар деҳаи Яхчи деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов вохурӣ баргузор гардид



       Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимов, дехаи Яхчи ноҳияи Нуробод бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо занону бонувон вохӯрии судманд баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкили вохӯрӣ таҳкими арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иҷтимоии занон ва тарғиби муҳити солими оилавӣ арзёбӣ шуд. Дар оғози вохӯрӣ намояндагони Кумита ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, иброз доштанд, ки оилаи солим пояи асосии ҷомеаи пешрафта ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки маҳз дар муҳити оила инсоният тарбия меёбад ва одобу ахлоқ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ аз муҳити хонадон оғоз мегардад. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои оилавӣ, пешгирии хушунати хонаводагӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва тарбияи дурусти фарзандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иброз шуд, ки дар шароити имрӯза нигоҳ доштани муҳити орому солими оилавӣ аз ҳар як падару модар масъулияти баланд талаб мекунад. Дар анҷоми чорабинӣ масъулон сокинонро ба эҳтироми муқаддасоти оила, тарбияи шоистаи фарзандон, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа даъват намуданд. Таъкид гардид, ки танҳо дар фазои муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон оилаи солим ва ҷомеаи пешрафтаро бунёд кард.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод