Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.05.2026 / БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ ТАҲКИМИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оила мизи мудаввар дар мавзуи таҳкими оила баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Эшонҷон Саидов, намояндагони бахши кор бо занон ва оила, инчунин фаъолон ва ҷавонони ноҳия иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ масъалаҳои муҳими таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии хушунати хонаводагӣ ва ташаккули оилаи солим мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки оилаи солим пояи асосии ҷомеаи пешрафта ба ҳисоб рафта, ҷавонон бояд дар интихоби роҳи зиндагӣ масъулиятшиносӣ зоҳир намоянд. Ҳамзамон иштирокчиён оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва эҳтироми байниҳамдигарӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар фарҷоми мизи мудаввар ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ изҳори сипос баён гардид


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод