Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.05.2026 / РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД ТАҶЛИЛ ГАРДИД



       Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва бахши кор бо занон ва оила бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Рустам, мудири бахши умумӣ ва назорати Кумита Хасанзода Шаҳло, инчунин муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки оила ҳамчун рукни муҳими ҷомеа дар тарбияи фарзандони солеҳ, таҳкими маърифати оиладорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад. Қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими оила ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор оилаҳои намунавӣ ва фаъолзанон туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод тақдим карда шуд. Ҳамчунин, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳия пешкаши иштирокчиён гардида, ба чорабинӣ шаҳомати идона бахшид


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод