18.05.2026 / БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ КИТОБХОНӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Бо мақсади иҷрои банди 15-и Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷониби волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод маҳфили китобхонӣ таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳои китоб аст!» ташкил ва баргузор гардид.
Мақсади асосии баргузории чунин маҳфилҳо пеш аз ҳама омода намудани наврасону ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» ба ҳисоб меравад.
Ин гуна чорабиниҳо дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, густариши ҷаҳонбинии ҷавонон ва рушди маърифати онҳо нақши муҳим мебозанд