Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.05.2026 / НОҲИЯИ НУРОБОД — МАРКАЗИ ҶАЛБИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ВА МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ТАБИИЮ ФАРҲАНГӢ



       Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар як қатор хатсайрҳои нави сайёҳӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар доираи ин ташаббус намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва блогерон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Нуробод сафар намуданд. Ҳадафи асосии ташкили хатсайрҳои мазкур муаррифии имкониятҳои бойи сайёҳии мамлакат, баланд бардоштани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба саёҳати дохилӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Дар доираи сафари мазкур меҳмонон аз мавзеъҳои зебову нотакрори ноҳияи Нуробод боздид намуда, бо табиати дилфиреб, чашмаҳои мусаффо, манзараҳои кӯҳистон, анъанаҳои миллӣ ва имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия аз наздик шинос гардиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди сайёҳӣ, муаррифии захираҳои табиӣ ва таърихиву фарҳангии ноҳия, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод