06.05.2026 / ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Нуробод Раҳмонзода Зоир аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда боздид ба амал овард.
Зимни боздид рафти сохтмони бунёди беморхонаи хусусии тиббӣ, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ, маркази хизматрасонӣ, сартарошхона ва дигар иншооти иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба нақша идома дошта, барои анҷоми босифат ва саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Муовини раиси ноҳия Раҳмонзода Зоир ба сифати корҳои иҷрошуда, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва муҳлати иҷрои лоиҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани суръати сохтмон, баланд бардоштани сифати корҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоотҳо ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди иншоотҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Нуробод корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ ба таври васеъ идома дошта, бунёди иншоотҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия вусъати тоза касб намудааст.
Корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ босуръат идома дошта, барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.