Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.05.2026 / БОЗДИД АЗ ЗАМИНҲОИ КИШТИ КАРТОШКА ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ЧОҲИ АМУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 01.05.2026



       Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен аз заминҳои кишти картошка дар ҳудуди ноҳия боздид ба амал оварданд. Зимни боздид нахуст аз майдони кишти картошка, воқеъ дар ҳудуди собиқ фурудгоҳ дидан намуда, бо ҳолати нашъунамои зироат, сатҳи агротехника ва фаъолияти деҳқонон шинос гардиданд. Масъулон ба кишоварзон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ тавсияҳои муфид доданд. Сипас, ҳайати корӣ аз майдони кишти картошкаи Сариқоши ҷамоати деҳоти Хумдон боздид намуданд. Зикр гардид, ки дар ин мавзеъ кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба парвариши картошка таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, талош доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти босифатро зиёд намоянд. Ҳамзамон, зимни сафар аз фаъолияти чоҳи амудии деҳаи Сариқош шиносоӣ ба амал оварда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки чоҳи мазкур дар масоҳати зиёда аз 30 гектар заминҳои зироатӣ ва боғҳоро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Иншооти мазкур дар беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъмини обёрии мунтазам нақши муҳим дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки чоҳи амудӣ бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва оби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, имрӯз ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо мусоидат менамояд. Дар фарҷоми боздид масъулон таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки замин, ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ ва таъмини обёрии босифат яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқавории кишвар ба шумор меравад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод