06.05.2026 / ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд намуд.
Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул шудани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муқаррар шудани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” низ як далели эътирофи рушди варзиш дар кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Бо ин мақсад дар доираи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Рузи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии Футбол аз санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ миёни 16 дастаи хонандагони солҳои таваллуди 2008-2009 бо ибтикори шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Нуробод ва дигар сарпарастон дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Дарбанд мусобиқаи варзишии футбол баргузор гардида истодааст.
Мусобиқаи мазкурро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод Саидов Эшонҷон ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки варзиш, хоса футбол чун як рукни муҳими тарбияи ҷисмонию ватандӯстии ҷавонон, муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди варзиш, таҳкими инфрасохтори он, бунёди садҳо иншооти варзишӣ корҳои зиёде анҷом дода шуд ва пойтахти Тоҷикистон ба маркази баргузории даҳҳо мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ табдид ёфт.
Дар ҷамбасти мусобиқа дастаҳои ғолиб бо Ҷоми, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.