Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.05.2026 / ОҒОЗИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ДЕҲАИ САРИ ҚОШИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХУМДОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, дар деҳаи Сари Қоши ҷамоати деҳоти Хумдон кишти картошка ба роҳ монда шуд. Дар доираи ин тадбир дар майдони умумии 20 гектар кишти картошка оғоз гардид, ки дар он кишоварзони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иштирок намуда, кишти картошка ба роҳ монда шуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим дорад. Бо заҳмати кишоварзон ва дастгирии пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, интизор меравад, ки дар мавсими имсола ҳосили фаровони картошка ба даст оварда шавад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод