Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.05.2026 / ҶАЛАСАИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ МИНТАҚАИ РАШТ ВА ШАҲРИ РОҒУН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД БАРГУЗОР ГАРДИД 30.04.2026



       Ҷаласаи Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун оид ба омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, директорони муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишӣ ва мураббиёни футбол аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун иштирок намуданд. Ҷаласаи мазкур дар фазои корӣ ва рӯҳияи баланди варзишгарӣ баргузор гардида, зимни он масъалаҳои муҳими омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, рушди футбол дар минтақа, оммавигардонии ин намуди варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои футбол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузории фестивалҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ба нақша гирифта шуда, ҷамъбасти он дар ноҳияи Нуробод баргузор мегардад. Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш ҳамчун самти муҳим минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод