27.04.2026 / БАРГУЗОРИИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 26.04.2026

Бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар деҳаи Тегирмии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Нуробод - Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иштирок намуда, зимни суханронӣ ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва машғул шудан ба варзиш ҳидоят намуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланд баргузор гардида, ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими анъанаҳои миллӣ миёни ҷавонон мебошад.