Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

16.04.2026 / ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ УЛФАТОБОДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САФЕДЧАШМА БАРГУЗОР ГАРДИД



       Дар деҳаи Улфатободи ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод вохӯрии судманд бо сокинон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Одиназода Чаманоро – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасанзода Шаҳло – мудири шуъбаи таҳлилӣ ва иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳисориён Зафар Абдусамад – муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби илмомӯзӣ миёни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд ба омӯзиши илм, азхудкунии касбу ҳунар ва рушди тафаккури созанда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ, нигоҳдории тозагии муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар пешрафти деҳа тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд. Дар рафти вохӯрӣ сокинон, аз ҷумла занону ҷавонон фаъолона иштирок намуда, андеша ва пешниҳодҳои худро оид ба беҳбудии шароити зиндагӣ ва рушди маҳал иброз доштанд. Дар фарҷом зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои таҳкими ҳамкории ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мусоидат менамояд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод