08.04.2026 / НАВРӮЗ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТ ДАР ДЕҲАИ ВОЙДАРА ТАҶЛИЛ ГАРДИД 06.04.2026

Дар деҳаи Войдараи Ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки васеи сокинон дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбаи маориф, инчунин намояндагони соҳаҳои ҷавонон ва занон иштирок намуданд. Ҳамзамон, сокинони деҳа, ҷавонон ва дигар фаъолон иштирок намуда, аз фазои идона баҳравар гардиданд.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Ҳусензода Фаридун паёми табрикии раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусенро ба ҳозирин расонида, таъкид намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ваҳдат ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат мебошад.
Барномаи фарҳангии идона бо суруду рақсҳои дилнишини миллӣ, саҳнаҳои ҷолиб ва намоиши расму ойинҳои қадимаи наврӯзӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонида, ба тантана шукӯҳи хос бахшид.