Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

28.01.2026 / МАШВАРАТИ ВАСЕИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       28 январи соли 2026 таҳти раёсати раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен машварати васеи корӣ доир гардид. Дар кори машварат муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятӣ, директорони муассисаҳои таҳсилотии ноҳия, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон иштирок намуданд. Дар ҷараёни машварат масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, татбиқи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 январи соли 2026 баён доштанд вобаста ба таҳкими фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд. Раиси ноҳияи Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен ҷиҳати иҷрои сифатнок ва сари вақт таъмин намудани вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида масъулони соҳаҳои марбутаро дар масъалаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонӣ, таъмини иҷрои андозҳо, таъмини иҷрои буҷет, ҳамкорӣ бо соҳибкорон, пардохти саривақтии нафақа, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, истифодаи дурусти замин, танзими ҷашну маросим, пешгирии ҷинояткорӣ, ба пардохти ғайринақдӣ гузаронидани тамоми хизматрасониҳо, саноатикунонии босуръат, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва содирот, ҷорӣ намудани низоми билингӣ дар истифодаи барқ, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, омодагӣ ба мавсими кишти баҳорӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва беҳтар намудани ҳолати заминҳо, вусъати корҳои ниҳолшинонӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва назорати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, омодагии сатҳи баланд ба таҷлили ҷашнҳои умумимиллӣ - Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар сатҳи баланди маънавӣ баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод