22.01.2026 / ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ аз Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №14 ва №33, инчунин Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и ноҳияи Нуробод боздид ба амал овард.
Зимни боздид муовини вазир бо рафти ҷараёни таълиму тарбия, сифати баргузории дарсҳо, сатҳи давомоти хонандагон, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, вазъи лавозимоти таълимӣ, риояи сару либоси ягонаи мактабӣ, насби шиору овезаҳои тарбиявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳо аз наздик шинос гардид.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрию суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои таълимӣ, ҷоннок намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.