12.01.2026 / ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ НУРОБОД ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Санаи 10 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нуробод дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳамчунин муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, номояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсоне, ки ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дахл доранд, ширкат варзиданд.
Нахуст муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад аз рӯи масъали якум доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҳисобот дод.
Дар ин росто, раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода аз рӯйи ҳисоботи масъулин натиҷагирӣ намуда, оид ба масъалаи иҷроиши андоз, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, вусъати кишти баҳорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, тандурӯстӣ, маориф, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвиятбахшии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини сифатноки нақшаи андозҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини шуғлнокии аҳолӣ, истифодаи сарфакоронаю самараноки обу замин, кишти зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, бардоштани ҳосилнокии заминҳо, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти худӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмири роҳҳо ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум таъкид карда шуд.
Инчунин, супориш доданд, ки муҳтамои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти ҳаррўзаи хеш дониста, дар деҳаву маҳаллаҳо ба табақаҳои гуногуни ҷамъият корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоянд.
Дар охир раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен ҷиҳати рушду пешрафти кор ва барои иҷрои нақшаҳои пешгузошташуда дастуру тавсияҳои муфид доданд.