Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

12.01.2026 / БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИИ ТЕХНИКӢ ВА ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       Имрӯз, 10 январи соли 2026, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод боздид намуданд. Зимни боздид масъулини сохтмон оид ба марҳилаҳои иҷрои корҳо, сифати масолеҳи истифодашаванда ва риояи муҳлатҳои муқарраршуда маълумот пешниҳод карданд. Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа ҷараён дошта, баъди ба анҷом расиданаш, иншоот барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи техникӣ равона мегардад. Ҳамчунин, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод боздид ба амал оварданд. Зимни шиносоӣ бо вазъи корҳои сохтмонӣ зикр гардид, ки анҷоми босифати ин иншоот барои рушди соҳаи фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар ҷараёни боздид вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод