Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

12.01.2026 / ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10, ДЕҲАИ ХУМДОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       Имрӯз, 10 январи соли 2026, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен синфхонаи иловагӣ ва майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10,-и деҳаи Хумдон, расман мавриди истифода қарор дода шуданд. Синфхонаи мазкур бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои амалкунандаи сохтмонии соҳа бунёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои хонандагон равона шудааст. Синфхонаи иловагӣ аз 4 утоқи дарсӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки зиёда аз 190 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳамзамон, дар назди муассиса майдончаи варзишӣ барои баргузории бозии волейбол ва футбол ифтитоҳ гардид, ки он барои рушди ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машғулиятҳои варзишӣ мусоидат менамояд. Сохтмони синфхонаи иловагӣ ва майдончаи варзишӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи аҳолӣ анҷом ёфта, дар натиҷа норасоии синфхонаҳо, ки солҳои охир дар муассиса ба мушоҳида мерасид, пурра бартараф гардид. Вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда барои таҳсили хонандагон ва машғулиятҳои варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод