30.12.2025 / ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ НУРОБОД, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД. 30.12.2025

Имрӯз дар ноҳияи Нуробод иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен доир гардид.
Дар кори иҷлосия раиси ноҳияи Нуробод, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот ва тасдиқи регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи онро қабул намуда ба рӯзномаи иҷлосия панҷ масъала, аз ҷумла: "Ҳисоботи раиси ноҳияи Нуробод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 11 моҳи соли 2025", "Дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳияи Нуробод барои соли 2026 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Нуробод дар соли 2024", " Дар бораи тасдиқ намудани лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод", "Дар бори Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод дар соли 2026", "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Нуробод барои соли 2026" ва "Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Нуробод" ворид карда шуд.
Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия, нахуст оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нуробод дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ҳисоботи раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен шунида шуд.
Сипас вакилон лоиҳаи буҷети ноҳияи Нуробод барои соли 2026 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Нуробод дар соли 2024-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба ин масъала гузориши сардори раёсати Вазорати молия дар ноҳия Раҷабзода Иноятулло Ҳоким шунида шуд.
Баъди шунидани гузориш раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати самаранок истифода намудани буҷети ноҳия дар соли оянда дастурҳои мушаххас доданд.
Вакилон дар идома лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нурободро мавриди баррасӣ қарор дода қарори дахлдор қабул намуданд.
Дар идомаи иҷлосия ҳамчунин вакилон нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро барои соли 2026 тасдиқ намуданд.
Аз руи масъалаи чоруми иҷлосия «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Нуробод барои соли 2026» вакилон гузориши сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Нуробод Идиев Фаррух Фузайлшоевичро шунида вобаста ба он қарори дахлдорро қабул намуданд.
Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳияи Нурободро дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар масъалаҳои муҳими баррасӣ ва тасдиқ карданд.
Дар фарҷоми иҷлосия раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода ба масъулин ҷиҳати иҷрои сифатнокии барномаҳои давлатӣ, иҷрои дурнамои кишоварзӣ, тақвияти корҳои созандагӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, рушди сифати таҳсилот, беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ, ташхису табобати беморон ва беҳтар гардонидани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва экологӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бунёди боғҳои нави интенсивӣ, сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷалби сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ, пешгирии ҷинояткориҳо, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” дастурҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.