Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.12.2025 / Паём ҳуҷҷати ҳидоятсоз аст



       Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол иқтисодиёти Тоҷикистон боло рафта, зиндагии шоистаи мардум, ки ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат мебошад, таъмин гардида, кишварамон ба як мамлакати амнтарини олам табдил ёфтааст. Мардуми кишвар ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интизоранд, зеро дар он дурнамои Тоҷикистон барои як сол ва зиёда аз ин муайян карда мешавад. Аз ин хотир, аз Паём то Паём дар мамлакат ободию бунёдкорӣ ва созандагиҳои назаррас ба амал меоянд, ки нишон аз муҳаббати мардум ба Ватани худ ва рушди Тоҷикистони азиз аст. Сарвари давлат ҷиҳати расидан ба асли фарҳанги миллӣ ва тамаддуни миллати тоҷик, пайваста кӯшиш менамоянд ва дар паёмҳояшон ин нуктаро таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола низ чунин иброз медоранд: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо-тоҷикон мебошанд. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда, дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Итминон дорам, ки амалӣ намудан иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон, мегардад”. Пешвои миллат мероси таърихию фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик меноманд, ки ин эҳтироми Президенти мамлакатро ба таъриху фарҳанги миллат нишон медиҳад. Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии Тоҷикистон, бахусус наврасону ҷавонон бо дастури Пешвои миллат китоби “Тоҷикон”- и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” – и Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолӣ ройгон тақсим карда шуд. Ҳамчунин, соли 2025 бо талошҳои Сарвари тоҷикон 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Танзими ҳамоишҳо таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” боиси ифтихор миллати тоҷик мебошад. Ҳамаи пешрафту ободӣ ва сулҳу оромии кишвар аз расидан ба ваҳдати миллӣ ва фазои ороми кишвар вобаста аст. Дар чунин давраи мураккаби вазъи минтақа ва ҷаҳон ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд, баҳри суботи кишвар ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри гулгулшукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмат кашад. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: “Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волояти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад”. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон соли 2026 – ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд, ки баҳри сазовор истиқбол намудан аз Ҷашни бузурги умумимиллӣ - 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди кишвар, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию шаҳрсозӣ таҷрибаи бой доранд, соли 2026-ро бо бунёдкориҳои боз ҳам арзишманд ҷамъбаст намуда, бори дигар ба ҷаҳониён миллати дорои тамаддун будани хешро исбот менамоянд. Солимии ҷомеаро Сарвари давлат пешравию рушди давлат шумурда, ҳамасола дар паёмҳои худ ба ин соҳа эътибори асосӣ медиҳанд. Шоҳиди ин гуфтаҳо он аст, ки дар даҳсоли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар кишвар 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ бо маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст: - “Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015 – ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонда шуд”, - омадааст дар Паём. Самти маориф дар сиёсати давлатӣ, чун соҳаи калидӣ қарор дошта, дар Паёми навбатӣ низ масъалаҳо ва мушкилоти ин соҳа мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шуданд: - “...Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷу ним баробар зиёд мебошад”,- иброз намуданд дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат. Умуман, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ буда, роҳнамои дурахшонест барои фардои кишвар. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу ори кишварро вазифа он аст, ки ин ҳуҷҷати ҳидоятсозро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш намуда, дар ҷодаи ободию пешрафти Ватани азизамон- Тоҷикистон бо ҳисси баланди меҳандӯстӣ камари ҳиммат бандад. Мавҷуд САТТОР- сармуҳаррири рӯзномаи "Нури Нуробод"


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод