24.12.2025 / ТАВАҶҶУҲ БА ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ - ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бозгӯкунандаи равшани афзалиятҳои нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, бахусус таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Дар шароити муосири рушди иқтисод ва тағйирёбии бозори меҳнат, Сарвари давлат ба зарурати тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои амалӣ, малакаҳои касбӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба талаботи замон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар паём таъкид гардид, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд ба як зинаи муассири таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои рақобатпазир табдил ёбад. Маҳз тавассути такмили барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рушди омӯзиши амалгаро ва тақвияти робитаи муассисаҳои таълимӣ бо корхонаю ташкилотҳо метавон ба ин ҳадаф ноил шуд. Ин равиш имкон медиҳад, ки хатмкунандагон на танҳо соҳиби диплом, балки дорои ихтисоси воқеан даркорӣ бошанд.
Паёми имсола ҳамчунин ба масъалаи густариши иштироки бахши хусусӣ дар рушди таҳсилоти касбӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Бо фароҳам овардани шароити мусоид барои таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ, давлат барои боло бурдани сифати таҳсил ва таҳкими рақобати солим заминаи боэътимод мегузорад. Ин сиёсат ба рушди коллеҷҳо ва марказҳои касбомӯзӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, сайёҳӣ ва омӯзгорӣ, мусоидат менамояд.
Илова бар ин, дар паём масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун шарти асосии ислоҳоти соҳа зикр гардид. Таваҷҷуҳ ба ин ҷанбаҳо нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ рушди устувори соҳаи таҳсилоти касбиро ҳамчун қисми ҷудонопазири пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар арзёбӣ мекунад.
Дар маҷмӯъ, паёми имсолаи Пешвои миллат таҳсилоти миёнаи касбиро ҳамчун омили калидии рушди иқтисоди миллӣ муаррифӣ намуда, самтҳои мушаххаси такмил ва густариши онро муайян месозад. Татбиқи пайвастаи ин дастурҳо метавонад ба тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, коҳиши бекорӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Раҳматулло РАҚИБОВ,
сардори шуъбаи кадрҳои
Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод