24.12.2025 / ПАЁМ-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми паҳлуҳои сиёсати дохиливу хориҷиро фаро гирифтааст. Дар Паём масъалаҳои тарбияи ҷавонон тақвият бахшидани соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии мардум ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ намудани ҷавонон аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт.
Имрузҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки дар Паём ифода ёфтаанд, корҳои зиёде ба нақша гирифтаанд.
Боиси тазаккур аст, ки мардуми заҳматкашу ватандӯстӣ ноҳияи Нуробод Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри амалӣ шудани ҳадафҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" бунёди 18 иншооти соҳаи варзиш бо тарҳи замонавӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Нуробод баҳри солимии ҷавонони маҳал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳмгузории ҷавонону соҳибкорони ватандӯст ба нақша гирифтаанд, ки амалӣ шудани ин корҳои созандагӣ дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш мусоидат хоҳад кард.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда буда, сарнавишти фардои давлату миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии онҳо вобастаи мустақим аст. Дар Паёмҳо ҷавонон ҳамчун табақаи фаъол ва пешсафи ҷомеа муаррифӣ гардида, зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии онҳо таъкид мешавад. Маҳз чунин сиёсати хирадмандона боиси таҳия ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва амалишавии барномаҳои махсуси давлатӣ гардидааст.
Боиси хушнудии мо ҷавонону варзишгарони ноҳия аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар ноҳияи Нуробод рӯз то рӯз рушд карда истодааст, ки ҳар як сокини ноҳия ин ғамхориҳоро ба чашми худ баръало дида истодааст, ки дар мисоли Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, бунёди варзишгоҳи марказӣ, бо шумораи 5000 ҳазор ҷойи нишаст ва иштироки фаъолонаи варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои дохиливу минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ин шуморанд.
Аслан, ҳар Паёми Президенти маҳбубу муаззами мо саршори ғояҳои ватандӯстиву посдори арзишҳои миллӣ буда, дар ин замина ҳамқадами замон буданро таъкид медорад. Аз ин рӯ, ҳар як шахси огоҳу бедордили кишвар таҳти таъсири муҳтавои Паёми Роҳбари давлат, бояд дар амалӣ гардидани роҳнамоиҳои ин ҳуҷҷати тағдирсоз саҳми арзандаи худро гузоранд.
Эшонҷон Саидов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод