11.12.2025 / ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мегардад, чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад оғоз ёфта, дар он зарурати амалисозии тадбирҳои марбут ба Рӯзи ҳуқуқи инсон тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъкид карда шуд.
Баромадкунандагон оид ба сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқи инсон, нақши давлат дар таҳкими мавқеи занон ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки Рӯзи ҳуқуқи инсон имконияти муҳиме барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва тақвияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.